Philips HX6341/07 Sonicare For Kids Sonic electric toothbrush

User manual - Page 495

For HX6341/07.

PDF File Manual, 592 pages, Read Online | Download pdf file

HX6341/07 photo
Loading ...
Loading ...
Loading ...
495
Тоҷикӣ
Дастури Таъминоти Радио
Ҳамин тариқ, Philips эълон мекунад, ки чуткаҳои
дандоншӯии барқӣ бо навъи таҷҳизоти радиоӣ
(Bluetooth, NFC) таъмин шуда, ба Дастури 2014/53/EU
мувофиқат мекунанд.
- Интерфейси радиобасомади Bluetooth дар
маҳсулоти мувофиқ дар 2,4 GHz кор мекунад.
- Қувваи барориши ҳадди аксари таҷҳизоти
Bluetooth ба 3 dBm баробар аст.
- Интерфейси радиобасомади NFC дар маҳсулоти
мувофиқ дар 13,56 MHz кор мекунад.
- Қувваи интиқолшудаи «RF»-и ҳадди аксари
таҷҳизот ба 30,16 dBm баробар аст.
Матни пурраи эъломияи мутобиқати ИА дар суроғаи
интернетии зерин дастрас аст:
www.philips.com/support
Шарҳ: Хусусиятҳои моделҳои гуногун метавонанд
фарқ кунанд. Баъзе моделҳо метавонанд бо Bluetooth
ё NFC таъмин набошанд.
Истифодаи пешбинишуда
Чӯткаҳои дандоншӯии бачагонаи барқии силсилаи
«Sonicare Prestige» барои нест кардани қабати часпак
ва боқимондаҳои ғизо аз дандонҳо барои коҳиш
додани пӯсиши дандонҳо ва беҳтар нигоҳ доштани
саломатии даҳон пешбинӣ шудаанд. Чӯткаҳои
дандоншӯии бачагонаи силсилаи «Sonicare for Kids»
барои истифодаи шахсӣ пешбинӣ шудаанд.
Истифодаи кӯдакон бояд таҳти назорати калонсолон
сурат гирад.
«Philips Sonicare»-и шумо (Расми 1)
1 Дастак
2 Нишондиҳандаи заряди батарея
3 Тугмаи Фаъол/хомӯш
4 Лавҳа барои стикер
5 Тугмаи тартиби чӯткакунӣ бо чароғакҳои тартиб
Лавозимот:
6 Сарпӯши сараки чӯтка
7 Сарак(ҳо)и чӯтка
Loading ...
Loading ...
Loading ...